Санаи 15 январи соли 2019 вохурии фаъолони ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша чорабинии раиси ноҳия «Оид ба баррасӣ намудани муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018» дар ҷамоати шаҳраки Бохтариён баргузор гардид.

Муовини раиси ноҳия Шукруллозода Д. зимни суханронии худ мақсаду мароми вохуриро ба иштирокчиён тавзеҳ доданд. Дар ҷамъомад қайд гардид, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва имсол низ рӯзи 26 декабри соли 2018 баргузор гардид, ки тамоми самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвари азизамонро муайян намуданд.

Иштирокдорони вохурӣ аз Паёми Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта дар кору зиндагии худ минбаъд, ҳамчун раҳнамо ва дастури фаъолияти худ Паёмро сармашқи кори худ намуда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кучаву маҳал ва ҷамоати худ саҳми арзандаашонро гузошта, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои созандагию бунёдкорӣ пешвоз мегиранд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here