Бо ташабуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шуъбаи кор бо занон ва оила, Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён рӯзи 18 сентябри соли 2018 дар деҳаҳои Гулзор ва ба номи  Ѓайратшо Давлатови Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулотҳои қаннодӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ баргузор гардид.

  Инчунин, бо аҳли ҷамоатчигии ин деҳаҳо, зиёда аз 1600 нафар пирон, ҷавонон, мардон, наврасон буданд, сӯҳбату вохӯриҳо дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон, оилаҳо ба гуруҳҳои терроризм, экстремизм, пешгирии бегонапушии занону духтарон, касбу ҳунар аз худкунии духтарон, таҳсили духтарон, ва дигар мавзӯҳо гузаронида шуд.

  Маҳфили «Оилаи ибратомӯз» бо иштироки оилаҳои намунавӣ Дилшод Зайниддинов ва Хоркашов Набимуҳаммад гузаронида шуд, ки теъдоди зиёди ҷавонон аз таҷрибаи рӯзгори неки ин оилаҳои ибратомӯз баҳравар гардиданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here