24-уми май дар доираи баргузории Форуми байналмилалии содиротӣ «Бохтар-фуд-2023» соҳибкорону сармоягузорони зиёде аз давлатҳои хориҷи кишвар ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин рӯз ҳамчунин бо соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ироқ низ мулоқот анҷом дода, ҷонибҳо омодагии хешро барои таҳкими ҳамкориҳо дар самти дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ва сармоягузорӣ дар пешрафти истеҳсолот байён доштанд.
Зикр шуд, ки дар вилояти Хатлон имкониятҳои васеъ барои густариши ҳамкориҳои судманд мавҷуд аст, ки он дар рафти форуми байналмиллалии Бохтар Фут 2023 ба таври возеҳ муарифӣ хоҳад шуд.