Дар арафаи иди саиди Қурбон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и Ҷамоати шаҳраки Вахш вохӯрии раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло бо имомхатибони масчидҳо доир шуд. Дар ин мулоқот кормандони ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва имомхатибон ширкат доштанд.
Раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло дар назди ҳозирин баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки Бадхоҳони миллати тоҷик — аъзои гуруҳи зархаридони наҳзатӣ дар ҳамкорӣ бо хоҷагони хориҷӣ барои ноором кардани вазъи сиёсии кишварамон, нангу номуси миллии хешро зери по карда, даст ба амалҳои номатлуб мезананд. Мо-мардуми заҳматкаши ноҳияи Вахш чунин амалҳои ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум карда, дар атрофи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату кишвари хеш боз ҳам мутаҳид гардида, ба дасисаҳои хоинонаи онҳо дода нашавем ва бар зидди ин зуҳуроти номатлуб-террористу экстеремизм мубориза барем.
Сипас навори видеоии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” пешниҳоди ҳозирин гашт, ки чанде аз аҳли нишаст, ба музокира баромада, ақидаҳои хешро оид ба ин матлаб иброз доштанд.