Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон масъалаи хатари терроризм дар ҳоли баррасӣ аст. Пешгирии шомилшавии омма, хусусан, ҷавонон ба ин падидаи номатлуб  вазифаи аввалдараҷаи ҳар фард аст. Дар шаҳри Норак бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон оид ба пешгирии ифротгароӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хавфнок миёни ҷавонони шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндагони Раёсат дар якҷоягӣ бо масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак баромад намуда, ҳадафи баргузории ин вохӯриро ба ҳамагон рушан сохтанд. Мақсад аз доир намудани чунин вохӯриҳо паст кардани сатҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ буда, дар оянда теъдоди чунин суҳбату вохӯриҳо зиёд карда хоҳад шуд.  

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here