Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон рӯзи 25 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод вохӯрӣ ва мулоқот бо шаҳрвандони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ва мулоқот муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло, намояндагони дастгоҳи вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ, масъулон ва дигар роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва намояндагони ВАО-и маҳалливу минтақавӣ иштирок доштанд.
Дар оғоз муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки дар рӯзҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод сафари корӣ анҷом дода буд ва дар зери ҳидояту супоришҳои Сарвари давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳия як қатор иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодбарӣ қарор дода шуд.
Сипас, мулоқот ва муроҷиати шаҳрвандони ноҳия сурат гирифт. Шаҳрвандон доир ба масъалаҳои гуногун ибрози назар намуданд. Муроҷиати шаҳрвандон аз масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ, барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва кашидани хатти оби нӯшокӣ ва полезӣ, кашидани хатти барқ ва насби трансформатор, дастгирӣ барои дарёфти гранти раиси вилоят дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва таъмини ҷойи кор иборат буд. Баъд аз шунидани арзи ҳар як сокини ноҳия, аз тарафи муовини якуми раиси вилоят ба ҳар як масъули ташкилоту идораҳо доир ба иҷроиш ва таъмини ин масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян вазифа ва супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баъд аз ин, бо кормандони фаъолони ноҳия ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи 10 — моҳаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз тарафи раиси ноҳия Шарифзода Лутфия мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки бо замми иҷроиши нақшаи андоз дар ноҳия ба 105, 3 % баробар шуда бошад ҳам, дар 2 намуди андоз иҷроиш паст аст. Аз ин рӯ, ба масъулони ин ниҳод супоришҳои иловагӣ дода шуд, ки дар ҷамъбасти 11 моҳа ин нишондодро боло бардоранд.
Инчунин, доир ба пешрафти дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳисоботи мухтасар дод.
Сипас, муовини якуми раиси виояти Хатлон доир ба мавҷудияти камбудиву норасоиҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия равшанӣ андохт.
Дар ҷамъбаст ба масъулони соҳа доир ба рафъи камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳо дода шуд. Раиси ноҳия уҳдадор гардид, ки ҳама якҷоя барои бартараф кардани камбудиву норасоиҳо камари ҳиммат баста, дар ҷамъбасти сол бо натиҷаҳои назаррас ҳисобот хоҳанд дод.