Дар Донишкадаи  технологии  шаҳри Кӯлоб, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Технолог”-и он,  бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сари мавзӯи амалҳои ришваситонӣ, вохӯрӣ баргузор гардид.

 Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода ва  директори ДТМИК  Акбар Ниёзӣ  сари мавзӯи мазкур андешаронӣ намуданд.

 Саъбагул Валиева бо шарҳу эзоҳ қайд намуд, ки даст задан ба амалҳои ришваситонӣ хиёнат ба  халқу ватан ва касбу вазифа  аст. Ӯ таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва рафъи ин омили номатлуб, муборизаи дастаҷамъона лозим меояд.

  Хосият Вализода дар андешаронии худ изҳор намуд, ки даст задан ба амалҳои коррупсионӣ яке аз омилҳои зишт буда, шаҳрвандонро  мебояд ба он оштинопазир бошанд.

   Иштирокчиёни вохӯрӣ,  чунин чорабиниҳоро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа заруру ба маврид хонда, иброз доштанд, ки беҳтарин воситаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ин баргузории вохӯриву суҳбатҳо ва бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон аст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here