Рӯзи 19 майи соли 2018 дар 25 шаҳру навоҳии вилоят марафони велосипедронӣ баргузор карда шуд.
Беҳруз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиши дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ дод, дар ин рӯз намоишҳои велосипедронӣ ташкил гардида, сокинони касбу кори гуногун дар мафарони велосипедронӣ фаъолона ширкат намуданд. Дар умум дар қаламрави вилоят беш аз 2543 нафар сокинони касбу кори гуногун ва аз ин шумора 168 нафар бонувон фаро гирифта шуданд.
“Ҳадаф аз баргузор намудани ин чорабиниҳо пеш аз ҳама оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди намуди машҳури варзишӣ- велосипедронӣ мебошад”-қайд намуд Б.Бобоев.
Дар, чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баромад намуда ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол мукофотҳо тақдим гардид.