Сардори муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилии шаҳру деҳоти Кӯлоб Раҳимқул Ғуломов, арз намуд, ки тадбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану автомобилӣ, нақбу пулҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад. Дастгириҳои доимӣ, тадбиқи нақшаҳо, талошҳои пайваста ва натиҷаҳои бадастомада, рушди иқтисоди миллиро таъмин ва имкониятҳоро барои расидан ба зиндагии шоиста, фароҳам мегардонад.
Бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Ҷайка»-и Ҷопон ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии мо 22 техникаи роҳсозӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётии мансуб ба онҳо, барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо ворид карда шудааст. Дар назар аст, ки то моҳи августи соли ҷорӣ, ин шумора ба 97 адад расонида мешавад.