Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш ташриф оварда, аз иншооти ҷашнӣ дидан намуданд.
Зимни боздид аз дарвозаи навсохт дар воридгоҳи ноҳия ва ҷодаҳои пурчароғи шоҳроҳ раиси вилоят таъкид карданд, ки агар аз ҳисоби замини бекористода дар шафати даромадгоҳ майдончаи варзишӣ сохта шавад, барои сокинони ду ноҳияи хҳамсоя хизматрасон хоҳад буд.
Сипас, Қурбон Ҳакимзода аз гармохонаҳои гулпарварии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияти хубашон баҳои баланд дод. Бунёди мағозаи гулфурӯшӣ низ иқдоми бамаврид арзёбӣ гардид.
Раиси вилоят аз маркази савдои навсохти «Баҳор» дар маркази ноҳия дидан карда, ба масъулин супориш дод, ки дар ороиши толор аз нақшу нигори миллию таърихӣ, гулдӯзиҳо истифода кунанд.
Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар майдони парчам, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия, Маркази хизматрасонии тиббӣ, Маҷмааи фарҳангии «Офтобак», коллеҷи тиббӣ, беморхонаи клиникии «Ибни Сино» шинос шуд.
Сипас, раиси вилоят аз хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» дидан намуд. Дар хоҷагӣ дар майдони 1009 гектар пахтаи навъи «Тобон» ва дар майдони 241 гектар пахтаи маҳиннах кишт карда шудааст, ки аз 18 то 20 кӯрак бастааст. Кишоварзон нашъунамои пахтаи имсоларо хуб арзёбӣ мекунанд.
Зимни боздид аз сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки таълимгоҳ аз тарафи Бунёди миллии маблағгузории Тоҷикистон барои 480 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 10 синфхона иборат аст. Ҳамзамон дар ҳамин мактаб аз тарафи соҳибкорон ва волидайн 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст.
Раиси вилоят дар саҳни мактаб бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва чанде аз волидайн суҳбати самимӣ ва ошкоро орост.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон