Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш, ки дар тавозуни худ 236,8 километр роҳ, 49 пул (710 метр) ва қубурҳои ҳархела ба масофаи 1760 метр дорад, талош менамояд, ки вазъи роҳҳо дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд. Аз ин 67,4 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 169,4 километри дигар хусусияти маҳаллидошта мебошад. Барои таъмиру навсозии онҳо дар даҳ моҳи соли равон, зиёда аз 165 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ харҷ гардидааст.
Тавре Наҳтулло Олимов, сардори муассиса, иброз дошт, аз маблағи зикршуда, қариб 116 ҳазор сомонӣ барои аз таъмири ҷорӣ баровардани роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта сарф шудааст. Маблағи боқимонда бошад, баҳри беҳбуди роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта истифода гардидааст.
Ӯ афзуд, ки дар ин давра, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ наздики 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ҳисоби он дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Вахш ба масофаи 3 километр роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуда, 32 метр новаҳои бетонӣ навсозӣ гардид.
Боиси қайд аст, ки бо ҷалби соҳибкорон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 5 пул ва 8,5 километр роҳ ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, 15 километр роҳи байнидеҳавӣ сангфарш гардидааст.
— Барои бемамониат гузарондани фасли зимистон муассиса маводи зидди лағжиш ба миқдори 238 метри мукааб, 16 тонна намак, 1 тонна ангишт ва 1700 литр сӯзишвории дизелӣ захира намуда, техникаҳои роҳдорӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд, — гуфт Н. Олимов
М. БАҲРОМ, “Ҷумҳурият”