Дар арафаи ҷашни пуршӯкуҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати меҳмонон дар деҳаи «Роҳи нав»-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 ба номи Азиза Бадалова мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд.
Муассисаи таълимӣ аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатманд сохта шуда, аз 16 синфхона иборат буда 750 нафар хонандагон дар ду баст инҷо таҳсил хоҳанд кард. Ҳамзамон дар муассисаи нав толори маҷлисгоҳ, китобхона ва майдончаҳои варзишӣ мавҷуд мебошад.
Раиси вилояти Хатлон дар баробари ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ , ҳозиринро ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда ба шахси эҳсонкор Даврон Ҷӯраев ва дигар шахсони саховатманд, ки иқдоми неке барои фарзандони ин деҳа гирифтаанд, миннатдорӣ баён доштанд. Аз хонандагони ин деҳа даъват ба амал оварда шуд, ки аз ин даргоҳи илму маърифат дониши хуб омӯзанд ва тозагии муҳити мактабро пайваста таъмин намоянд.
Тибқи иттиллои масъулини Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод дар ҳудуди ҷамоат 59 иншооти хурду бузург бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода дода шудаанд.