Ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукуҳу ҷалоли хосса таҷлил карда мешавад.   

 Ба ифтихори 21-умин солгарди ин саънаи басо таъриху муқадаси миллат мо андешаи чанде аз кормандони ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон-ро  руи қоғаз овардем.

 Бурҳониддин Раҷабов сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон: Аз фурсати бисёр ҳам муносибу мувофиқ аз номи кули аҳли фарҳангу санъати Хатлонзамин 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мамлакат-ро  ба кулили ҳамватанони азизу арҷманд самимона муборак бод мегуям. Ба рости расидан ба Рӯзи ваҳдати миллӣ орзуву омолҳои ҳазорон падарону-модарон хоҳарону бародарони Тоҷикистони азизу маҳбубамон буд, аз ҷумла мардуми ҷафокашидаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон. Танҳо дар он андешам, ки имрӯз бояд ба қадри ин оромиву осудагии Тоҷикистони офтобрӯя ҳар як шаҳрванде, ки дар замираш ҳисси баланди ватандӯсти дорад бирасад ва ба ояндагон чун гавҳараки чашм нигаҳдорад.

 Хусрав Миралиев Прокурори ноҳияи Кӯшониён: Тазаккур бояд дод, ки 27-июни соли 1997 баъди музокироти  тулони ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми ватан, таъмини сулҳу субот, сарҷамъи миллат ва зиндагии ороми мардуми мамлакат  созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти милли дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади муҳим дар таърихи навини тоҷикон сарнавиштсоз ва ҳалкунанда буд, зеро ин созишнома ба ҷанги таҳмилии шаҳрваанди хотима бахшид.  Барои оғози рушди давлатдори тоҷикистон ҳаёти орому осудаи мардум замина гузошт. Ваҳдати милли даллелест барои пойдории давлат бақои миллат. Самараи ваҳдат Тоҷиикстонро ба ҷаҳони мутамадин пайваст. Имрӯз мо бо ин ваҳдати сартосарии хеш ифтихору сарфарози дорем. 

 Юсуфзода Абдурашид  Сангаҳмад Прокурори ҳарбии  гарнизони шаҳри Бохтар:  Боиси хушнудӣ ва сарфарозии  миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот дар кишвар  ҳамасола 27 уми июнро ҳамчун рӯзи  баимзорасии санади муҳими таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  дар Тоҷикистон  бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта истодем. Чуноне медонед  соли 1991 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик  гардиши куллӣ  ва марҳилаи  сифатан нави рушд ба вуқуъ пайваста, Тоҷикистон  давлати мустақил эълон гардид ва дар назди мо  иҷрои  вазифаи  бисёр пурмасъулияти таърихӣ , яъне бунёди  давлати  мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои  халқу кишвар ва эҷоди аркони давалатдории  муосирро пеш гузошт. Мутааъсифона, аз нахустин қадамҳои  Истиқлолияти давлати  доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи   даврони  гузашта  ва усулҳои озмудаи худ бо роҳи барангехтани низоъҳои  дохилӣ  ва бозиҳои  сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён  забон ёфта буд, тавонистанд миллати моро  ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан, давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.

 Азбаски вилояти Хатлон маркази  гарми даргириҳои соли 1992 буд, мардуми вилоят шаҳди ин ҷанги бемаъниро бештар чашидаанд, ки  дар натиҷа даҳҳо  ҳазор  шаҳрвандони вилоят ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор иҷборан  хонаву дари худро тарк намуда, ба кишварҳои ҳамсоя  фирор намуданд. Хушбахтона, моҳи  ноябри соли 1992  дар шаҳри  бостонии Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои   Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.

 Бо ташаббуси  бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори  сулҳ бо мухолифии гуфтушунидҳо оғоз гардид ва дар натиҷаи  музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 21 маротиба бо иттиҳоди  мухолифин музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳим ба имзо расид ва дар натиҷа, Созишномаи  истиқрори сулҳ имзо гардид.

 Баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ дар  мамлакати мо марҳилаи нав-сулҳу суббот, ба ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин даври барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.  Аз баракати сулҳу ваҳдат  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки  барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши  равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созад ва метавон дилпурона изҳор намуд, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи  шаҳрвандӣ натанҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

 Умедахон Афғонзода — мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ёвон: Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ 27-уми июни 1997 саҳифаи навине дар таърихи давлатдории навини мо тоҷикон боз гардида, наздики 1 миллион нафар гурезагон ба ватан, ба ҳаёти осоишта,  ба оғуши ватани аҷдодӣ бар гаштанд. Бо гузашти солҳо мардуми тоҷик мафҳуми сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро хубтар дарк мекунанд, зеро оромӣ асоси муваффақият, сарҷамъӣ ва рушду камоли ҷомеа мебошад.

 Ҳамзамон қайд намуд, ки ваҳдату ягонагии милатамон боис шуд, ки кишвари азизу ободу зебои моро ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун давлати ягона ва мустаъқил эътироф менамояд ва қариб дар ҳама самтҳо ҳамкории судманд доранд. Тули 21 сол мешавад, ки халқи азизи мо дар ҳавои беғубори ваҳдат ва бо сипосгузорӣ  аз дастовардҳое, ки дар соҳаҳои мухталиф ба даст меоянд, умр ба сар мебаранд. Бигзор ин ваҳдати ҷовидонаи ватанамон то абад поянда бод.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here