Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-3” вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз тарафи иштирокчиён қайд шуд, ки яке аз сабабҳои пайдо шудани нофаҳмиҳо дар оила ва ҷудо шудани оилаҳои ҷавон ин тарбияи дуруст нагирифтан дар оила ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустаъқилона мебошад. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд, ки пеш аз оиладор намудан писар ва ё ба шавҳар додани духтарон онҳоро ба ҳаёти оилавӣ пурра омода намуда, ба фарзандон касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзонанд.
Инчунин дар ин чорабини масъалаҳои зиёде мавриди барраси қарор гирифтанд. Таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд”, муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии сироятшавӣ аҳоли аз касалиҳои ВНМО/ВНБ суханронӣ намуда, ба иштирокчиён тавзеҳҳоти мушахас доданд.