Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Паёми табрикии худ ба унвонии варзишгарони вилоят қайд намудааст, ки ҳамасола санаи 10 август таҷлил гардидани Рӯзи варзишгарон нишонаи таваҷҷуҳи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш буда, истиқболи он сол то сол шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо менамояд.
Ҳукумати мамлакат тайи солҳои охир дар доираи вусъати амалҳои ободкориву созандаи кишвари маҳбубамон ҷиҳати мустаҳкам гардонидани инфрасохтори соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити муосири машқу тамрин барои варзишгарони мамлакат чораҳои муассир андешида истодааст.
Дар матни паёми табрикӣ аз ҷумла омадааст, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмони 590 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла 124 толор, 409 майдончаи варзишӣ ва 57 майдончаи бозии кӯдакон ба нақша гирифта шуда, ки то кунун 36 толори варзишӣ, 197 майдончаи варзишӣ ва 32 майдончаи бозии кӯдакон ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа бомаром идома дорад.
Имрӯз дар муассисаҳои варзишии вилоят аз рӯйи 34 намуди варзиш 15833 нафар варзишгарон, аз ҷумла 2093 нафар бонувон ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Танҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ варзишгарони мо имсол дар маҷмӯъ соҳиби 740 медал, аз ҷумла 274 медали тилло гардиданд.
— Мо ифтихор мекунем, ки дар вилоят теъдоди ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сол то сол зиёд гардида, варзишгарони вилоят Мавзуна Чориева, Искандари Рустам, Сангов Сомон, Набимуҳаммад Хоркашов, Муродов Абубакр, Аминов Раҷабалӣ, Муродов Фирдавс, Латипов Сорбон, Шарифҷон Назриев, Сулаймони Ҷамшед ва Фирдавс Насимов дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи варзишии вилоят ва ҷумҳуриро бо барафрохтани Парчам ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намудаанд, — омадааст дар номаи шодбошии Қурбон Ҳакимзода.
Раиси вилоят изҳори боварӣ кард, ки варзишгарони Хатлонзамин 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳамчун дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон бо дили гарму азми қавӣ ва нишондодҳои баланди варзишӣ ҷашн хоҳанд гирифт. Ҷойи шубҳа нест, ки варзишгарони бошарафи вилоят ғайрату ҳиммат, ақлу заковат ва кӯшиши хешро барои сазовор ва бо дастовардҳои калони варзишӣ истиқбол гирифтани ҷашни дар пешистода равона хоҳад кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон