Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи касбии сохтмончиён тамоми бинокорони Хатлонзаминро шодбош гуфта, барояшон саломатӣ ва нерумандӣ таманно намуд.
Дар табрикоти раиси вилоят аз ҷумла қайд мешавад, ки сохтмон соҳаи бисёр муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо донишу таҷриба, балки қобилияту фидокориро талаб мекунад.
Дар вилоятамон ба истиқболи сазовози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди беш аз 7,6 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, бо неруи бунёдгаронаи сохтмончиён зиёда аз чор ҳазор иншоот аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Сол ба сол бинокорони мамлакат бо дастовардҳои боз ҳам бештар, бо туҳфаҳои арзандатар ва саҳми арзишманди хеш дар ободии диёр, некуаҳволии мардум ва осоишу шукуфоии он нақши назаррас мегузоранд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки меъморону сохтмончиёни Хатлонзамин минбаъд низ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободии сарзамини аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки якшанбеи дуюми моҳи август иди касбии сохтмончиён — бунёдгарони Ватан, офарандагони зебоӣ, яъне созандагони ояндаи ин диёри нотакрорро ҷашн гирифта мешавад.