Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ сафари кори анҷом дода, аз сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №36 воқеъ дар деҳаи Саид Кароматуллои ҷамоати деҳоти Навобод дидан намуд. Бинои иловагӣ аз 16 синфхона иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватани Сайфов Саймуҳриддин бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Ҳамзамон аз тарафи ҳамин соҳибкори Ватандуст 2 километр роҳи деҳа асфалтпуш шудааст, ки раиси вилояти Хатлон ба ин соҳибкори ватандӯст минадории хешро байён намуд. Раиси вилоят аз замини кишти картошкаи ҳимин чамоат дидан намуд. Хочагидор айни замон ба кишти картошка оғоз намуда ният дорад то 3 гектар кишти картошка гузаронад. Дар умум дар ҳамин деҳа 15 гектар кишти картошка гузаронида мешавад.
Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати собиқадори меҳнат Наҷмиддинова Раҷабгул Шодиевна рафта, аз ҳолу аҳволи ин зани собиқадор пурсон шуда, ба ин зани собиқадор телевизор ҳамчун тӯҳфа тақдим намуд. Наҷмиддинова Раҷабгул 25 октябри соли 1954 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Хатмкунандаи Омузишгоҳи техникии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон мебошад. Аз соли 1972 дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов ҳамчун механизатор ва бригадир кор кардааст. Ҳамзамон ронандаи мошини пахтачини буда, то 400-500 тонна пахта ҷамъовари менамудааст. Солҳои 1979-1984 депутати Шӯрои Олии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалисти интихоб гардидааст. Айни замон омӯзгори фанни технология дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №50-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ кор мекунад. Дорандаи ордени Шараф, нишони Аълочии маорифи Точикистон ва дигар мукофотҳои давлативу соҳави мебошад. Оиладор сохиби 7 фарзанд ва 25 набера аст. Собиқадори меҳнат Наҷмиддинова Раҷабгул, минатдории хешро ба Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисотон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки хизматҳояшро қадр мекунанд ва кумакрасонаш ҳастанд байён намуд.
Раиси вилояти Хатлон собиқадори меҳнат Эсанқулов Эшбурӣ Турахоновичро аёдат намуда, туҳфа аз қабили телевизор ба ин собиқадори меҳнат тақдим намуд. Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович 10 октябри соли 1951 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1972 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин В. И.,факултаи иқтисодиро хатм намудааст. Солҳои 1972-1974 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати офитсерӣ хизмат намудааст. Солҳои 1974-1975 дар вазифаҳои инструктори Кумитаи Комсомоли ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Балхӣ), солҳои 1975-1979 инспектори назорати халқии ноҳия, солҳои 1979-1980 инструктори комитети партиявӣ дар ноҳия, солҳои 1980-1986 котиби озоди парткоми хоҷагии Қизил-Октябр (Т. Исанқулов), солҳои 1986-1999 раиси хоҷагии ба номи Т. Исанқулови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, солҳои 1999-2006 раиси ноҳияи Шаҳритӯс, солҳои 2007-2009 раиси ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 2009-2010 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 1990-1995 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, солҳои 2000-2005 ва солҳои 2005-2010бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият кардааст.ИштирокчииИҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 (ҳамчун депутат).
Дорандаи Ордени Дӯстӣ, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои давлатии Иттифоқи Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 8 фарзанд ва 16 набера мебошад. Фарзандонаш дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, мақомоти қонунгузор, кишоварзӣ кор мекунанд.
Эсанқулов Эшбурӣ айни ҳол нафақахӯр буда, дар деҳаи Қизил-Октябри Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ намуда, дар замини наздиҳавлигӣ бо зироаткори машғул буда, ҳоло бошад тухми пошидааш аз қабили кабудиҳо рӯидааст. Ҳамчунин ба чорводорӣ машғул буда, аз 13 гусфанди парваришнамудааш, 13 насли барвақтӣ яъне баррача ба даст овардааст.
Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корияш аз сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаи Ёш-Ленинчии Ҷамоати шаҳраки Балх ҷойгир шуда, айни замон сохтмони ошёнаи дуюми он бо маром идома дорад. Тибқи лоиҳа сеошёна буда, бо маблағгузории аъзои фаъоли ҳизб тариқи ҳашар сохта шуда истодааст.
Маблағи умумии сохтмони бинои мазкур 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони бинои мазкур соли 2019 оғоз гардида, дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар соли 2021 ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон Қурбон Ҳакимзода дар хоҷагии Сафар Ҷумаеви ҷамоати деҳоти “Узун”-и ноҳияи Балхӣ дар қади шоҳроҳи калони байналмилалӣ ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз оғоз намуд, ки зиёда аз 300 ниҳоли ҳамешасабзро дар бар мегирад. Дар ҳаминҷо Раиси вилояти Хатлон ба фаъолони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъкид намуд, ки дар ободонии диёри худ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимат банданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон