Субҳи имрӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Дустӣ қабули сайёр доир гардид.
Дар қабул шаҳрвандони арзу ниёз дошта, аз қабили Зардакова Назира оид ба норасоии оби полезӣ ва ошомиданӣ дар деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов, Ғозиев Ҷумъа ҷиҳати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагиҳо, Бобомуродов Даврон, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақам 18-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Тоҷикобод оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Эрназаров Эргаш оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сехи дӯзандагӣ ва фурӯшгоҳ дар деҳаи Зафарободи Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолият ва инчунин дигар шаҳрвандон оид ба ҷудо намудани замин барои нонвойхона ва дукони гӯштфурӯшӣ дар деҳаи Шаҳринав, барои сохтмони толори варзишӣ дар деҳаи Шаҳдрез, оид ба идома додани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Навобод, оид ба сохтмони биноҳои нави Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони кӯдакистони хусусӣ ва инчунин ду нафар шаҳрванд барои таъмини аробачаи маъюбӣ яке барои фарзандаш ва дигаре барои шавҳараш дархост карданд.
Раиси вилоят зимни пешниҳоди мушкилиҳои шаҳрвандон ба масъулини дахлдор супориш дод, ки ба арзу ниёз мардум расидагӣ кунанд ва мушкилиҳояшонро бартараф намоянд. Ҳамчунин, аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки ба зуди ду оилаи ниёздоштаро бо аробачаи маъюбӣ таъмин намояд.
Баъд аз қабули шаҳрвандон раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон оид ба бурду бохти ноҳия дар 11 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронияш пешрафтҳои хоҷагии халқи ноҳияро аз ҷумла ҳосили имсолаи анорро хуб арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, яхобмонӣ, шӯршавӣ, дар анборҳо захира намудани сабзавот, зиёд намудани ҳаҷми гӯшти парранда ва моҳӣ, ҷамъоварии андоз, барқ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии кӯдакону ҷавонон ва оиди дигар масъалаҳо дастуру супоришҳо доданд.