Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Конференсияиҳисоботӣ- интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он Қурбонҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, намояндагони Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд.

  Нахуст, Исроил Шарифов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи вилояти Хатлонҳисобот дод.  Аз ҷумла, қайд дошт, ки Федератсияи футболи вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 –ум ба тасвиб расидааст.   Дар идомаи суханронӣ  Исроил Шарифов иброз намуд, ки 24 октябри соли 2002 Федератсияи футболи вилояти Хатлон таъсис ёфта, то соли 2006 фаъолият намудааст. Дар ин баробар, баъди 9 соли бозмонӣ аз фаъолият соли 2015 Федератсияи футболи  вилоят ба фаъолияти хеш идома бахшид.  Инчунин, дар чемпионати Тоҷикистон  байни дастаҳои Лигаи олии кишвар дастаҳои «Равшан»-и Кўлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, инчунин «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба дастовард ҳ ои арзанда ноил гардиданд.  

  Ҳамчунин,  дар конференсия номзадии раиси вилоят ба раисии Федератсияи футболи вилоят пешниҳод гардида,  аз тарафи вакилон Қурбонҳакимзода раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон интихоб гардид. 

— Футбол дорои қувваи бузурги созанда буда, дар сартосари ҷаҳонҳамчун қосиди сулҳу амонӣ, дўстию озодӣ,  мактаби олии эҳтиром миёни инсонҳо эътироф гардидааст, — зикр намуд Қурбонҳакимзода, раиси тозаинтихоби Федератсияи футболи вилоят зимни суханронӣ. — Азҳисоботи имрўза бармеояд, ки вазъи футбол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чандон қобили қабул нест. Дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо солҳои пеш бо дастовардҳои зиёди хеш қалби мухлисонро шод менамуданд. Имрўз бошад, аз бемасъулиятии масъулон манзалати худро дар миёниҳаводорони футбол коҳиш додааст.  Раиси тозаинтихоби Федератсияи футболи вилоят ҷоннок намудани фаъолияти футболро вазифаиҳар як шахси масъул номид.  

   Дар ин замина таъкид дошт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 80 адад толору 300 майдончаи варзишӣ дар назар буда, қисмати зиёди иншоотҳои мазкур айни замон мавриди истифода қарор  ёфтаанд. 

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here