Имрӯз, 18 сентябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳайати ҳукумати музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии муовини котиби кумитаи музофоти Шэнсӣ хонум Хэ Жун ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, раиси вилоят зикр намуд, ки Чин барои Тоҷикистон шарики боэътимод маҳсуб мегардад. Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки вазъи кунунӣ ва робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар, ки дар пояи ҳамкориҳои амалии барои ҷонибҳо судманд бунёд ёфтаанд, мусбат мебошанд.
“Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла вилояти Хатлону музофоти Шэнсӣ, ифодагари манфиатҳои бунёдии мардумони мо мебошад”, — афзуд раиси вилоят.
Таъкид шуд, ки Чин калонтарин сармоягузор ва калонтарин шарики тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин дар мавҷуд будани потенсиали муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад. Айни замон ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаи роҳсозӣ, энергетика, саноати кӯҳӣ, соҳаҳои кишоварзиву маориф, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ба қавли раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, имрӯз ҳам заминаҳо барои таҳкими ҳамкории ин ду минтақаи кишварҳои ҳамҷавор дар бахшҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ фароҳам буда, роҳандозии тарҳҳои муштарак имконпазир мебошад.
Муовини котиби кумитаи музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Хэ Жун аз истиқболи гарми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Шэнсӣ яке аз музофотҳои калонтарини Чин ба ҳисоб меравад. Дар ин музофот беш аз 38 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.
“Таърихи ҳамкориҳои бевоситаи вилояти Хатлону музофоти Шэнсӣ аз соли 2014 ибтидо гирифта, то ин вақт дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, мошинсозӣ, табодули таҷриба ва маориф ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Дар музофоти мо 109 мактаби олии таълимӣ амал мекунад, ки дар он беш аз якуним миллион донишҷӯ, аз он ҷумла ҷавонони тоҷикистонӣ низ таълим мегиранд”, — зикр намуд хонум Хэ Жун.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати меҳмонон доир ба ривоҷи ҳамкориҳои ин ду вилояти бародарӣ дар самтҳои илму маориф, тандурустӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, чорводорию коркарди маҳсулоти кишоварзӣ табодули назар карданд. Қайд шуд, ки Минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Кӯлоб” барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мувофиқ мебошанд.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои таҳким ва рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин тадбирандешӣ хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон