Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо гардид, ки тамоми санаҳои таърихӣ, чорабиниҳои сиёсию фарҳангиро бо шукуҳу ҷилои тоза истиқбол намоем.
Дар баробари дигар ҷашнҳо ҳамасола дар кишвар 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила истиқбол карда мешавад, ки бо эҳсоси хушнудӣ, сарфарозию ифтихормандӣ тамоми мардуми шарафманди вилояти Хатлонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори ободу осуда, тансиҳатӣ ва иқболи некро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфамиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».
Дар ҳақиқат оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф буда, ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мавриди қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор дода, падару модарро барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул гардонидааст.
Дар назди ҳар як оила вазифаи хеле муҳим ва рисолати бузург меистад, ки ин, пеш аз ҳама, тарбия кардан ва ба камол расонидани фарзандони нобиѓаву хирадманд, солиму тандуруст, ватандӯсту меҳнатдӯст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва хирадманду созанда мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки ба хотири тақвият бахшидани раванди таълиму тарбия дар оила равона шудааст, гувоҳи гуфтаҳои болост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиларо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа номида, муҳити созгор ва солимии онро омили пешрафт ва рушди чамъият маънидод кардаанд.
Тоҷикон аз қадимулайём фарҳанги бузурги оиладорӣ дошта, тавассути урфу одат ва суннату анъаноти худ онро ба оламиён муаррифӣ кардаанд. Фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони хонаводаи шоҳони тоҷиктабор, ки ҳамчун намунаи беҳтарини ахлок ва маърифати инсонӣ шинохта шуда аст, ҳанӯз аз дарбори шоҳ Ҷамшед манша гирифта, ба сулолаи бузурги Сомониён ва то имрӯзи мо ҳамчун мерос омада расида аст.
Ин анъанаи нек дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон дастгирӣ ёфта, барои эҳёи суннатҳои бузурги оиладорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Садоқат ба Ватан — Модар, муҳаббат ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад.
Фарзандоне, ки дар чунин оила дуруст тарбия меёбанд, метавонанд дар оянд соҳиби обру ва зиндагии шоиста гарданд.
Бедор кардани ҳисси ватандустӣ ва худшиносӣ дар шахс, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ, дар муҳити оила оѓоз меёбад. Чунки оила макони тарбияи маънавию ҷисмонии фарзанд буда, волидайн дар тарбияи фарзандони хеш масъулияти ҳалкунанда доранд.
Аз ин ру, моро зарур аст, ки бо истифода аз ҳикмати бузурги ниёгони гузаштаи худ тарбияи фарзандонро дурӯст ба роҳ монда, онхоро дар руҳияи меҳнатпарастӣ, инсондустӣ ва садоқат ба халқу диёр тарбия намоем.
Дар шароити то рафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархурди тамадунҳо волидайн масъуланд, ки бештар дар муҳити хонадон барои таълиму тарбияи фарзандон шароити созгор фароҳам оварда, онҳоро ба омузишӣ илмҳои дақиқ ҷалб созанд, ки аз ҳеҷ гуна ақоиду андешаҳои ботил газанд наёбанд ва ҳамеша пос дорандаи марзу буми хеш бошанд. Дар ин росто саҳми оила ҳамчун мактаби бузурги Тарбия роли ҳалкунанда дорад.
Бо таъкиди бузургон “Оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст. Оила ҳаётро пуру паймонтар карда, хушбахтӣ меорад. Вале ҳар як оила, хусусан дар ҳаёти ҷамъият пеш аз ҳама масъалаи бузургест, ки аҳамияти давлатӣ дорад.”
Бояд барои пойдорӣ ва устувории давлат, ки аз оилаи солим вобастагии қавӣ дорад, тамоми нерӯ ва донишу малакаи хешро равона намоем, то ҷомеаи солиму оилаи намунавиро ба воя расонем.
Итминонам комил аст, ки мардуми заҳматқарини Хатлонзамин ҳикматҳои файласуфонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша таъкид менамояд: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизамон расида, номбардори сазовори давлатй сохибистиклоламон мегарданд» сармашқи кори ҳамарузаи худ намуда, бо нигоҳ доштани оилаи солим фарзандони содиқи ватанро тарбия ва ба камол мерасонанд.
Бори дигар ҳамаи шумо ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила шодбош гуфта, пирӯзию комёбӣ, сарбаландию рузгори пурфайзро таманно карда, ваҳдату истиқлолияти комилро дар Тоҷикистони азиз хоҳонам.
Иди оила муборак!