Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми вилоятро шодбош гуфт.
Дар паёми табрикии раиси вилояти Хатлон аз ҷумла омадааст, ки забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик аст.
— Мардуми тоҷик забонро мисли истиқлолият, Ватан, модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморанд ва онро азизу гиромӣ медонанд, — омадааст дар номаи шодбоши раиси вилоят.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, “танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ғанисозии забони адабии тоҷикӣ заминаҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон бо ташаббуси Роҳбари давлат дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуда, ҳамасола 5 октябр Рӯзи забонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавӣ баргузор мекунем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро шиносномаи миллати азиз, рӯҳи поки гузаштагон ва оинаи осори ниёкон номида, доимо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забони шевои шоирона сухан мегӯянд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳори итминони комил карданд, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон низ, дар пайравӣ ба Пешвои маҳбуби миллат, ҳастии худро бо ҳастии забон пайванд дониста, ба ин гавҳари ноёб ва дурри ҷаҳонтоб сидқан арҷ мегузорад.