Раиси Федератсияи футболи Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар бозии даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар миёни тимҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, ширкат варзид.

Ин бозии пуррақобат ва пуршидатро дар баробари раиси вилоят беш аз 5 ҳазор мухлис тамошо карданд. Сарфи назар аз талошҳо ва имкониятҳои чандинкаратаи бозигарони бохтарӣ, ба онҳо муяссар нашуд, ки дар 90 дақиқаи бозӣ тӯби худро вориди дарвозаи ҳариф гардонанд. Аммо дар нимаи дуюми дидор ҳуҷуми футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ бобарор анҷом ёфт. Голи ягонаи «Кӯктош»-ро легионери ӯзбекистонии даста Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 58-уми дидор ба ҳадаф расонид.

Чунин ба назар мерасид, ки бозингарони тими «Хатлон» дар ҳолатҳои головар ба ҳаяҷон дода шуда, наметавонанд шонси худро босамар истифода кунанд. Ҳолати як ба як бо дарвозабони «Кӯктош» рӯ ба рӯ омадан, ба паҳлучӯби дарвозаи ҳариф бархӯрдани тӯб, зарбаҳои бесамари ҷаримавии бозигарони «Хатлон» аломати камтаҷрибагии онҳо буда, умед аст, ки ҳайати мураббиёни даста хулосаҳои даркорӣ мебароранд ва дар бозиҳои минбаъда шогирдони онҳо комёб ва пирӯз мегарданд.

«Хатлон» бозии навбатии худро 23 июн дар сафар бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода анҷом медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дастаи «Хатлон» (собиқ «Вахш») таърихи беш аз 50-сола дошта, аз қадимитарин бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар солҳои қаблӣ «Хатлон» яке аз дастаҳои пурқуввати Лигаи олии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва ҳама ҳарифон бо ҷиддияти том ба бозӣ бо бохтариҳо омодагӣ мегирифтанд. «Хатлон» қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон буда, солҳои 1997, 2005 ва 2009 медалҳои тиллои мусобиқотро ба даст овардааст. Ин даста мактаби хуби тарбияи футболбозони моҳир буд, ки даҳҳо парвардаи ин мактаб дар тимҳои қавии дигари дохилу хориҷи мамлакат фаъолияти варзишиашонро идома дода, то ба сатҳи бозингари тими мунтахаби Тоҷикистон расидаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев барои бозиҳои дӯстона ба муқобили дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Чин, ки 7 ва 11 июн доир шуданд, ба ин даста ду бозигари тими «Хатлон» — ҳимоятгар Алишер Баротов ва нимҳимоятгар Кароматулло Саидовро даъват намуд.

Ёдовар мешавем, 17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода раиси Федератсияи футболи Хатлон, Исроил Шарифов ва шаҳрдори Кӯлоб муовинони раиси ФФХ интихоб гардиданд. Таъкид шуд, ки Федератсияи футболи вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ум фаъолияташро аз сар гирифтааст. Ҳоло вилояти Хатлонро дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон ду даста – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин дар лигаҳои якуму дуюм беш аз 10 дастаи собиқадор намояндагӣ мекунанд.

Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботӣ қайд кард, ки барои рушди футбол дар Хатлон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад бурд.

— Рушди футбол дар вилоятамон аз бисёр ҷиҳат ба муносибати раисони шаҳру навоҳӣ вобастагӣ дорад, — идома дод Қ. Ҳакимзода. – Футбол як ҷузъи зиндагии мост. Хатлон минтақаи футбол аст, он дорои анъанаҳои хос ва таърихи бой мебошад. Вазифаи умумии мо ҳамаҷониба мусоидат намудан ба пешрафти футбол дар вилояти Хатлон аст.

Раиси тозаинтихоби Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин зикр намуд, ки вазъи футбол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят феълан чандон қаноатбахш нест. Дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо солҳои пеш бо дастовардҳои зиёди хеш қалби мухлисонро шод менамуданд. Имрӯз бошад, дастаҳо аз бемасъулиятии масъулон манзалати худро дар миёни ҳаводорони футбол коҳиш додаанд. «Футбол дорои қувваи бузурги созанда буда, дар сартосари ҷаҳон ҳамчун қосиди сулҳу амонӣ, дӯстию озодӣ, мактаби олии эҳтиром миёни инсонҳо эътироф гардидааст», — афзуд Қ. Ҳакимзода ва ҷоннок намудани фаъолияти Федератсияи футболи вилоят, муассисаҳои варзишӣ ва кори дастаҳои футболро вазифаи ҳар як шахси масъул номид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here