Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуда, устодону шогирдонро ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави 2020-2021 табрик гуфтанд.
Раиси вилоят қайд карданд, ки ифтитоҳи бинои мазкур туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мебошад, ки боиси дастгирӣ ва фараҳамандӣ аст.
Муассисаи қаблӣ соли 1989 барои 400 нафар хонанда сохта шуда буд.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат ва ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дабистони нав бо 240 ҷойи нишаст дар як баст бо тамоми шароити муносиб ва дорои синфхонаҳои барҳавою таҷҳизоти муосири таълим бунёд гардидааст.
Сохтмони муассисаи мазкур дар муҳлати муайяншуда бо маблағи 2 миллиону 718 ҳазору 372 сомонӣ ба итмом расид.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид карданд, ки мақомоти дахлдор, алалхусус кормандони соҳаи маориф дар соли нави таҳсил вобаста ба вазъи бемориҳои сироятӣ бояд ба масъалаҳои безараргардонии муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ диққати ҳамарӯза дода, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ корҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро тақвият бахшида, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усулҳои сарироҳӣ, хона ба хона, синф ба синф, аз устод ба шогирд ва аз кӯдак ба кӯдакро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён саҳмгузор бошанд.
— Ҳамаи шумо — устодон ва хонандагону волидайни азизро ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, инчунин бо ҷашни фархундаи миллии дарпешистодаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, боварӣ дорам, ки омӯзгорон тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи насли наврас равона карда, ҳамчун ҷавонони донишманд ба воя расонида, дар оянда барои халқу ватани азизамон хизмат хоҳанд кард, — афзуданд раиси вилоят.