Имрӯз раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчунин бо шароити будубоши тарбиятгирандагони муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии мактаб-интернат 34 гектар буда, он аз як бинои таълимии дорои 18 синфхона, ду хобгоҳ, ошхона, ҳаммом, шуъбаи шустушӯӣ, толори варзишӣ иборат мебошад.
Айни замон дар мактаб-интернат 221 нафар хонанда аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 58 нафари онҳо духтарон мебошанд.
Аз шумораи хонандагон 9 нафар ятими кулл, 130 нафар нимятим ва 82 нафар бепарасторон (падару модар дар маҳбас ё модари танҳо ва ё гирифтори бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳо) мебошанд.
Хонандагони мактаб-интернат дар тамоми олимпиадаву мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Шумораи умумии кормандон дар мактаб-интернат ба 109 нафар мерасад, ки 41 нафари онҳо омӯзгорону мураббияҳо мебошанд.
Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки аз соли 1950 ҳамчун мактаб-интернат фаъолият дорад, дар тавозуни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маблағгузорӣ карда мешавад.
Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 сарпарастии мактаб-интернатро Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2019 то инҷониб Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба уҳда дорад. Сарпарастон мунтазам, аз ҷумла дар арафаи ҷашнҳо бо сару либос ва туҳфаҳои идона ба мактаб-интернат кумак мерасонанд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандони алоҳида, соҳибкорони ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври доимӣ ва асосан бо маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос ва хоҷагидорӣ кумакҳо расонида мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз синфхонаҳои таълимӣ, хобгоҳ, толори варзишии мактаб-интернат дидан намуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ орост.
— Пешвои муаззами миллат доимо таъкид мекунанд, ки парастору пуштупаноҳи ҳар як ятим давлат аст ва ҳеҷ гоҳ онҳо дар нимароҳ нахоҳанд монд, — изҳор намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. – Ҳар яки шуморо, фарзандони азиз, даъват мекунам, ки пайрави сазовори Пешвои миллат бошед, хубу аъло, бо интизоми намунавӣ таҳсил кунед ва дар оянда соҳибкасбу соҳибмаълумот гардед.
Дар интиҳо барои кӯдакони мактаб-интернат дастурхони идона ороста шуда, ба ҳар як хонанда туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виояти Хатлон, аз қабили либоси гарму шириниҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон