Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз инчунин бо фаъолияти ҶДММ «Дӯстӣ – Фарма»-и шаҳри Бохтар, ки яке аз калонтарин ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ ба вилоят маҳсуб мегардад, шинос шуданд.
Роҳбари корхона Абдураҳмон Ширинов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки айни замон шумораи кормандон 12 нафарро ташкил дода, дар 4 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 4 миллион сомонӣ хизматрасонии маҳсулоти дорувориро ба роҳ монда, зиёда аз 370 муштариро ба худ ҷалб намудааст.
ҶДММ «Дӯстӣ – Фарма» дар давраи сипаришуда аз 3500 то 4000 номгӯи маҳсулоти дорувориро дастраси муштариён ва аҳолӣ гардонида истодаанд.
Айни замон, дар корхона захираи кофии маводҳои зарурии доруворӣ барои пешгирии бемории коронавирус мавҷуд аст.
Зикр гардид, ки дар асоси дорухати табибон ба бемор дорувории “Анаферон”, “Арбидол”, “Эргоферон”, “Атсикловир”, “Паратсетамол”, “Эритромитсин”, “Оксолин”, “Терафлю”, “Азидпромитсин” ва дигар намуди дорувории зиддивирусӣ бо нархҳои дастрас пешниҳод карда мешавад.
Зимни боздиди гурӯҳи корӣ аз корхонаи навбунёди истеҳсоли маводи антисептикӣ дар ноҳияи Кӯшониён иттилоъ дода шуд, ки ин коргоҳ мансуб ба ҶДММ “Сомонӣ-Фарм” буда, дар он 8 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Шералӣ Раҳматов, роҳбари корхона хабар дод, ки дар ин ҷо ҳар рӯз то 10 ҳазор флакон маҳлули антисептикӣ истеҳсол ва ба дорухонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар дастрас карда мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо фарматсевтон таъкид намуданд, ки дар вилоят тамоми имконияту захираҳо барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ мавҷуд аст. Рӯзҳои наздик аз Федератсияи Россия ва Ҳиндустон маводи доруворӣ ворид карда шуд.
“Дар вазъияти имрӯз баамаломада беасос баланд бардоштани нархи маводи доруворӣ хилофи арзишҳои башардӯстона буда, амали ноинсофона мебошад”, — зикр намуд раиси вилоят ва афзуд, ки барқасдона ба таври сунъӣ баланд бардоштани қимати маводи доруворӣ ҷавобгарӣ низ дошта, мақомоти масъули давлатӣ ба назорати ин вазъ вобаста карда шудаанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон