Дар шаҳри Кӯлоб раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати собиқадори хизмати давлатӣ Абдуҷаббор Зардиев рафтанд.
Абдуҷаббор Зардиев бо вуҷуди он ки дар нафақа мебошад, имрӯз ҳам дар корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъол дошта, бак ишоварзӣ машғул аст.
Дар ноҳияи Восеъ раиси вилоят ба ҳолпурсии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Гавҳарбӣ Пиракова ва собиқадорӣ меҳнат Қурбон Мирзоалиев омада, туҳфаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо тақдим намуданд.
Собиқадорон зимни суҳбат аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос карданд.