Дар маҳаллаи У. Хайёми шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуд, ки дар ҳамоиш муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, дар баромади худ иштирокчиён вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳунарҳои миллӣ натанҳо меъроси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳимми фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад.
Дар охир аз ҷониби сокинон гуфта шуд, ки аминем то дар якҷоягӣ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонем.