28 июни соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии вилоят баргузор гардид.
Раиси Шӯро муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам ёдовар гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаи рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2021 – 2025 қарори дахлдори раиси вилоят ба тавсиб расидааст. Имрӯзҳо дар миқёси вилоят дар самти амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зиёде рӯи кор омада, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марказҳои ҳунармандӣ фаъолият менамояд. Сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Файзализода Қобил таъкид намуд, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумию касбӣ, ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор мунтазам корбарӣ карда мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти равнақ бахшидани дилхоҳ ҳунари мардумӣ ва бо сифати баланд истеҳсол намудани армуғонҳо дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони варзида корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Барои эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ ҷалб ва ҳавасмангардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти назарас дошта, ҳамзамон «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» таъсис дода шуд, ки онҳо аз рӯи чил намуди ихтисос фаъолият дошта, 20 намуди ихтисосҳо вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Муовини раиси вилоят бобати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии ҳунармандон ба аъзоёни Шӯро муроҷиат намуда, дар ин самт таклиф ва пешниҳодҳои зиёд баён гардид. Дар Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дар шаш моҳи соли равон 2 ҳазору 786 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ аз рӯи 14 намуди ихтисос ҷалб карда шуданд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани занону духтарони хонашин, эҳё намудани ҳунарҳои миллии мардумӣ имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни «Ҳунарманди сол» аз рӯи шаш наминатсия, дуредгарӣ, дузандагӣ, рассомӣ, кулолгарӣ, ганҷкорӣ, бофандагӣ гузаронида мешавад, ки дар самти рушд ва эҳёи ҳунармандӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Бо иқдом ва дастигирии бевоситаи роҳбарияти сатҳи олии кишвар ҳунарҳои мардумӣ зина ба зина рушд карда, талабот нисбати онҳо дучанд зиёд гардидааст.
Беҳтарин ҳунармандони вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ ширкат намуда, бо сипосномаи Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Гуфта шуд, ки Шӯрои мазкур давоми ҳар семоҳа баргузор гардида, аз рӯи фаъолияти аъзоён натиҷагирӣ карда мешавад.