14 марти соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 – Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар саҳни театри вилоятии мусиқи-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» беҳтаринҳо аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуда, ҳунарҳои дастии худро пешкаши ҳакамон гардониданд, ки аз тарафи ҳайати ҳакамон ноҳияи Восеъ дар самти эъҷодкорӣ ҷойи якум,  ноҳияи Муъминобод дар самти сабатбофӣ ҷойи дуюм, ноҳияи Вахш дар самти бофандагӣ ҷойи  дуюм, ноҳияи Дӯстӣ дар самти шероздузӣ ҷойи сеюм, ноҳияҳои Фархор дар самти қуроқдузӣ,  Ёвон дар самти бофандагӣ, ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Бохтару Кӯлоб Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Қубодиён ҳамчун беҳтарин аз тарафи ҳайати ҳакамон бо Шаҳодатномаи намунавӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз  гардонида шуданд.