Рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб семинар- машварат бо иштироки мудирони бахшҳои фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, директорони мактабҳои санъат, роҳбарони ансамблҳои тарона ва рақс, гурӯҳи хабарнигорони ВАО-и шаҳриву минтақавӣ оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Тибқи барномаи семинар Хайрулло Тоиров — мудири бахши Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, корманди Шоистаи Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ карда, иштирокчиён- маърӯзакунандагонро ба аҳли нишаст муаррифӣ кард. Баъдан дар бораи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявӣ сухан кард. Аз ҷумла қайд намуд, ки озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2018 ба имзо расидаааст. Озмун аз охири моҳи апрел оѓоз шуда даври 1-уму 2-юм дар ноҳияҳо ва вилоятҳо ва даври 3-юм дар пойтахти мамлакат ҷамъбаст мегардад. Ҷоизаҳо ба ѓолибони озмун рӯзи 16-уми ноябри соли 2019, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
Сипас, Хуршед Низомов – Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар бораи даврҳо, тарзи баргузорва иштироки ҳунармандон дар озмун сухан кард.Мавсуф қайд намуд, ки дар Низомномаи озмун синну соли сурудхон, навозанда, шоир, ров ӣ ва дигар баромадкунандагон тибқи талабот аз 30 сол набояд боло бошад. Ин мушкилӣ имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон ба назар мерасад. Мо боварӣ дорем, ки аз байни ҷавонон истеъдодҳои болаёқат мебарояд.
Тибқи барнома Шариф Бедаков – директори коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов, оҳангсоз, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон оид ба тарзҳои иҷроиши барномаҳои озмун, истифодаи овоз, истифодаи асбобҳои халқӣ дар номинатсияҳои оҳангсоз, сарояндагӣ ва навозандагӣ, жанрҳои академикӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ фикру мулоҳизоти худро ба ҳозирин ироа кард.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир, драматург Файзи Ашур дар бораи интихоби шеър, мазмун, талаффуз, қобилияти баланди дарккунӣ, тарзи пӯшиши либоси саҳнавии иштирокчиёни озмун маърӯза намуд.
Дар ҷамъбасти семинар мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб оид ба тарзи гузаронидани озмун ва дигар паҳлуҳои он аз тарафи иштирокдорони семинар гузаронида шуд.