«Бунафша» дар замони шӯравӣ яке аз чойхонаҳои дар минтақаи Кӯлоб аз рӯи сохти хеш хеле барҳавою пуршукӯҳ ва бонуфузу дӯстдоштаи мардум маҳсуб меёфт. Мутаассифона баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ, он фаъолияти муътадили худро аз даст дода, дар ниҳоят охири солҳои навадум, ин макони хуби хизматрасонӣ дари худро ба муштариёни хеш бо тамом баста монд.
Ва сари аз фаъолият боз мондани ин чойхонаи машҳур, чанд мақолаи танқидие дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, ба хусус «Садои мардум» ба табъ расида буд, аммо он вақт мушкилоти мазкур бо сабабҳои мухталиф ҳалли худро пайдо карда натавонист. Хушбахтона баъди ҷараёни тоза гирифтани амалҳои созандагӣ дар кишвар, соҳибмулки он баҳри таҷдиду азнавсозиаш иқдом намуд. Талошҳои соҳибмулк чойхонаи собиқро ба як маҷмааи хизматрасонии замонавӣ табдил дод. Фавораю гулгаштҳои чароғонкардашуда, дар шакли хуссаҳо ҷамъ овардани паррандаҳои бузурги мухталиф бо лонаҳои хеш ва дигар омилҳои ороишии муосир чойхонаи собиқи солҳо аз фаъолият бозмондаро он қадар зебову диданибоб ва дилкашу намунавӣ намудааст, ки бинанда ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Акнун маҷмааи «Бунфша» дорои як қатор нуқтаҳои хизматрасонӣ, ба амсоли меҳмонхона, тарабхона ва фурӯшгоҳост.
Ёдрас мешавем, ки маҷмааи «Бунафша» дар маркази шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, дар канори рости шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе қарор дошта, рӯзи 28-уми ноябри соли ҷорӣ, баъди солҳои тӯлонӣ дари худро бо тантана ба рӯи муштариён боз намуд.