Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бо мавриди истифода қарор додани студияҳои муосири сабти барномаҳои телевизионӣ оғоз гардид.
Студияҳо тарҳи наву замонавӣ дошта, барои сабти барномаҳои сиёсии фарҳангӣ пешбинӣ гаштааст.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба пахши рақамии барномаҳои телевизиони вилоятии «Хатлон» оғоз бахшида, ин дастовардро ба аҳли эҷод таҳният гуфт.
Гуфта шуд, ки телевизиони «Хатлон» пахши нурии барномаҳои худро бо дастгирии амалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ намудааст.