Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шуъбаи нусхаҳои ҳатмии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин китоби Мавлоно Абдураҳмони Ҷоми таҳти унвони «Муҳаббат махзани», ки бо иқдоми наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки давоми соли равон дар шаҳри Тошкент бо забони ӯзбеки дар ҳаҷми 888-саҳифа бо сифати баланд руй чоп омадааст туҳфа гардид.
Миллати тоҷику ӯзбек аз қадимулайём то ба имрӯз чун ду халқи дӯсту бародар зиндагиву фаъолият намудаанд. Расму оини зиёди динию фарҳангӣ ва равобити илмиву адабӣ дар байни ин ду миллат асрҳо боз ҷараён дошта, он имрӯз низ дӯстиву бародарии ин ду миллатро боз ҳам мустаҳакамтар менамояд.
Намунаи барҷастаи онро мо дар симои ду ситораи тобони осмони илму адаби тоҷику ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебинем. Ин ду фарзанди фарзонаи миллати тоҷику ӯзбек тавонистанд дар замони худ дар рушду такомули илму адабиёт ва сиёсату давлатдорӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Дӯстии содиқонаву беғаразонаи ин ду фард намунаи барҷастаи дӯстии ин ду миллат мебошад.
Аз ин ҷост, ки китоби «Муҳаббат махзани» дар шакли девон маҷмуаи дурдонаҳо аз ашъор ва мактубҳое, ки шоир ва мутафакир Мавлоно Абдураҳмони Ҷоми ба ҳазрати Алишери Навоӣ нигошта гирд оварда шудааст.
Боиси сарфароизист, ки пешгуфтори девони «Муҳаббат махзани»-ро шахсияти дорои фарҳанги воло Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев навишта қайд намудаанд ки, «Эҷодиёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷоми, ки яке аз симоҳои беназири адабиёти ҷаҳон аст, дар назди адабиёти халқи узбек мавқеи хоса дошта он ба ояндаи дурахшони мо ва ҳамсояи наздику дӯсти мо Тоҷикистони азиз аҳмияти бағоят калон дорад».
Хонанда метавонад китоби «Муҳаббат махзани»-ро, ки саропо хонданибоб аст аз шуъбаи нусхаҳои ҳатмии китобхона дастрас ва мутолиа намояд.