Дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёду таъмири 7667 бинову иншоот пешбинӣ гардидааст.

Ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ, аллакай дар 4461 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2018 ҷамъан 1061 иншоот, дар соли 2019 2474 иншоот ва соли ҷорӣ аз 2004 бинову иншооти банақшагирифташуда дар 926-тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон