Тайи шаш моҳи сипаришудаи соли 2020 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 14 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ин нукта имрӯз зимни боздиди Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия зикр гардид.
Шумораи иншоотҳои ҷашние, ки бунёдвшон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият пешбинӣ гардидааст, 156 ададро тушкил дода, то имрӯз 61 иншоот сохта шудааст. То поёни соли ҷорӣ боз 20 иншооти дигари маъмурӣ, иҷтимоию маишӣ бунёд хоҳад гардид.
Сарвазир ва раиси вилоят аз корҳои сохтмонӣ дар толори болопӯшидаи варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бозори марказӣ, биноҳои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дидан намуданд.
Вақти боздид аз бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ш. Шоҳин, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, қайд шуд, ки бино аз 15 утоқи корӣ ва толори маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар бинои мазкур 41 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи масъулонро ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии Қасри фарҳанги ноҳия, равшаннамоӣ, шинонидани гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ҷалб намуд.
Қ.Расулзода ва Қ. Ҳакимзода ҳамчунин аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии муассисаи давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ш. Шоҳин дидан карданд. Дар ин бинои дуқабата, ки аз 24 ҳуҷраи корӣ иборат хоҳад буд, 70 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон