Фирдавс Абдураҳимов мудири бозрасии ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ховалинг ба мо иттилоъ дод, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг сохта ба истифода додани беш аз 300 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз як қисми онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон дар хиёбону гулгаштҳо шинонидани гулҳои зебою пурнакҳат идома доранд. Дар ноҳия сохтмони маркази ҷавонон идома дошта, дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Иншооти мазкур мувофиқи нақша дар моҳи сентябр мавриди истифода қарор дода мешавад. Сохтмони муассисаи таълимии рақами №4 дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ низ босуръат идома дорад. Дар иншооти мазкур сохтмони бино ба анҷом расонида шуда, корҳои андовагарӣ дар дохил ва беруни он ҷараён дорад. Корҳои сохтмониро беш аз 100 нафар сохтмончиён идома дода, техникаи заруриро барои сари вақт анҷом додани сохтмон истифода мебаранд.

Дар хиёбону гулгаштҳои маркази ноҳия низ шинонидани гулу гулбуттаҳо идома дорад. Ҳамарӯза бо ҷалби ташкилоту корхонаҳо аз ҳавом мусоиди баҳорӣ истифода бурда, садҳо бех гулҳои ороишӣ ва пурнакҳат шинонида мешавад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here