Моҳи сентябри соли ҷорӣ маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди нафти “ТК ОЙЛ” дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”, ки калонтарин иншооти кимиёии Тоҷикистон хоҳад буд, ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои Сафаралӣ Тайфуров, муовини сардори МОИ “Данғара”, айни замон навбати аввали корхона бо иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафти хом дар як сол пурра барои амал омода аст. Ҳоло дар он мутахассисон корҳои санҷишӣ бурда истодаанд. Чун як қисми маҳсулоти он дар қаламрави кишвар фурӯхта мешавад, таъминоти бозори дохилӣ бо сӯзишвории худӣ хеле беҳтар хоҳад гашт. Дар он 600 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мегарданд. Ѓайр аз ин, тибқи нақша ширкати “ТК ОЙЛ” барои фурӯши як қисми маҳсулоти худ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 300 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ месозад. Дар ҳар кадоми он то 10 нафар меҳнат мекунад. Яъне боз се ҳазор ҷойи нави кор таъсис меёбад.