Дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди имтиёзҳо дар самти моҳипарварӣ ба рушди соҳа дар вилояти Хатлон такони ҷиддӣ бахшида, аз тарафи соҳибкорони вилоят дар масоҳати 2234 гектарҳавзҳои моҳипарварӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ин ҳавзҳо моҳиҳои зоти амури сафед, пешонағафс, пешонасафед, зағорамоҳӣ парвариш карда шуда, сокинони вилоят ва пойтахти мамлакатро бо гӯшти моҳӣ таъмин намуда истодаанд.
Дар рушди соҳаи моҳипарварӣ саҳми соҳибкорони вилояти Хатлон, аз ҷумла Ғуломов Офарин, Маҳмадиев Нуъмон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Яъқубов Фрайдин аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Мирзоалиев Зоир аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Нуралиев Неъмат аз ноҳияи Фархор ва дигарон назаррас арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тайи се соли охир (2018-2020) аз тарафи соҳибкорони вилояти Хатлон 6 адад фермаи парандапарварӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ин корхонаҳо имконияти парвариши780 ҳазор сар паранда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо гӯшти хушсифат ва тухмро доранд.
Дар натиҷа, тибқи маълумоти омори гумрукӣ, ба ҳудуди вилояти Хатлон соли 2020 воридоти гӯшти мурғ 30 фоиз кам шуда, тухми паранда умуман ворид нагардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи парандапарварӣ рушд карда истодааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон