Ҳамасола санаи 10 август дар сар то сари ҷумҳурӣ чун рузи варзишгарон таҷлил мегардад тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик, дар толори мактаби варзишии №2 ноҳия бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ, шоҳмот ва тениси рӯи миз бо иштироки мурабиёну собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд.
Дар оғози чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Меҳроҷиддин Раҷабалиев доир ба дастовардҳои варзишгарон ва натиҷаҳои ба дастовардаи онҳо сухан ронда, қайд намуд, ки имрӯз барои рушди соҳаи варзиш давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, барои тарбия ва омода гаштани варзишгарони кишвар дар сатҳи баланд эътибори ҳамаруза медиҳад.
Дар ҷаъмбасти мусобиқа аз тарафи мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳия ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаҳои таҳия намудаи бахш сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин дар ин чорабинӣ як чанд нафар собиқадорони соҳаи варзиши ноҳия барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи варзиш бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.