Дар ноҳияи Темурмалик дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 иншооти ҷашнӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар маҷмӯъ, то соли 2021 бунёди 270 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки 230 адади он бо ташаббуси соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ бунёд мегардад.

Бунёду азнавсозии 32 мактаб, се муассисаи томактабӣ, китобхона, беморхона, меҳмонхона, коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳ, чароғонсозии кӯчаҳо, гулгашт, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра аз ҷумлаи муҳимтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор мераванд.

Инчунин, қарор аст, то рӯзи ҷашн дар ноҳияи Темурмалик 23 майдонча ва 7 толори варзиш бунёд гардад. То имрӯз ду адади он сохта шуда, дар хизмати мардум қарор дорад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here