Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ду баробар афзуда, аз 892 ба 1668 адад, марказҳои саломатии шаҳриву ноҳиявӣ аз 5 ба 26, марказҳои тиббии хусусӣ ба 123 ва шумораи беморхонаҳои хусусӣ ба 5 адад расидааст.

 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон, 30 майи соли ҷорӣ, дар ноҳияи Данғара, зикр намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо вобаста ба фарогирии аҳолӣ, махсусан, сокинони деҳоти дурдаст бо хизматрасонии тиббӣ ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ба бунёду азнавсозии муассисаҳои тиббӣ эътибори аввалиндараҷа доданро зарур донистанд.
 
Вилояти Хатлон моҳи январи соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 817 ҳазор аҳолӣ дошт. Моҳи январи соли 2020 ин шумора ба 3 миллиону 350 ҳазор нафар расид. Яъне дар даврони истиқлол аҳолии вилоят қариб ду баробар (184 фоиз) афзудааст. Дигар ин, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вилояти Хатлон ва пеш аз ҳама, инфрасохтори иҷтимоии он – мактабҳо ва муассисаҳои тандурустӣ зарари аз ҳама зиёд дида, қисми бештари онҳо сӯхта ва харобу валангор шуда буданд.
 
Шароити паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.
 
— Илова бар ин, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад, қайд карданд Роҳбари давлат. — Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз 30 апрели соли 2012 бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013 – 2015 тасдиқ шуда буд. Тибқи таҳлилҳо, бо вуҷуди амалӣ гардидани баъзе корҳо, иҷрои пурраи барнома таъмин карда нашудааст.
 
Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷараёни татбиқи санадҳои барномавии соҳаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои куллан беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои иловагӣ андешад.