Ба муносибати Рӯзи театри тоҷик алҳол дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши идона ҷараён дорад.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ аҳли ҳунар ва алоқамандони санъати театриро аз номи раиси вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки театр таҷассумгари ҳаёт, нерубахши эҳсоси хештандорӣ, тарбиятгари насли ҷавон, ҳидоятгари ҷомеа мебошад.

— Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба заҳмату талошҳои кормандони соҳаи фарҳанг, алалхусус ҳунармандони театр арҷгузорӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҷойдошта аҳли эҷодро пайваста дастгирӣ менамояд, — қайд кард Ф.Шарифӣ. — Айни ҳол дар вилоят 9 театр, аз ҷумла 1 театри ҷумҳуриявӣ, 4 театри касбии вилоятӣ, 4 театри халқӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Фархор, Ҷайҳун ва Муъминобод фаъолият доранд, ки бо шароити муносиби корӣ таъмин буда, ҳунармандони касбӣ бо офаридани намоишномаҳои театрӣ дар рушди соҳа, баланд бардоштани ғановати маънавӣ ва тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Таъкид шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирӣ ва мусоидати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо тамоми шароити муносиби корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Театри вилоятии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ гардид, ки ин идомаи мантиқии сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирӣ ва рушди соҳа мебошад.

Дар ҳақиқат, театри тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ барои тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа хидматҳои пурарзиш кардааст.
Муовини раиси вилоят Ф.Шарифӣ ба як қатор кормандони фаъолу собиқадори театрҳои вилоят Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро супурд.

Пасон, аз ҷониби ҳунармандони театри вилоятӣ намомшномаи «Бежан ва Манижа» манзури аҳли толор гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон