Ҳамдиёрони азиз!

7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Ин рӯзи муборакро ба тамоми мардуми кишвар, алалхусус ба кормандон ва ҳаводорони театр табрику таҳният гуфта, саломатӣ, эҷоду эҷози тоза ва комёбиву муваффақиятҳои навро таманно дорам.

Миллати тамаддунофари тоҷик дар масири таърих бо фарҳанги пурғановат ва санъати нотакрораш шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.

Фарҳанг яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои камолоти маънавии мардум, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои давлатдорӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва аз ҳама муҳим, дар таҳкими худшиносии миллии сокинон нақши назаррас дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театр ва дар маҷмӯъ фарҳангро таҷассумгари ҳувияти миллӣ номида, зикр кардаанд, ки маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Театр як шохаи асосии фарҳанг ба ҳисоб рафта, вижагиҳои хоси худро дорад, ки ба мисли дигар жанрҳои санъат инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва зиндагисоз аст. Тамошои як намоиши театрӣ баробари мутолиаи як асари мукаммал аст, ки тамоми паҳлуҳои зиндагиро дар худ таҷассум менамояд.

Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии меҳан мақому манзалати театри тоҷик баланд гардида, шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа фароҳам оварда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба заҳмату талошҳои кормандони соҳаи фарҳанг, алалхусус ҳунармандони театр арҷгузорӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҷойдошта аҳли эҷодро пайваста дастгирӣ менамояд.

Айни ҳол дар вилоят 9 театр, аз ҷумла 1 театри ҷумҳуриявӣ, 4 театри касбии вилоятӣ, 4 театри халқӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Фархор, Ҷайҳун ва Муъминобод фаъолият доранд, ки бо шароити муносиби корӣ таъмин буда, ҳунармандони касбӣ бо офаридани намоишномаҳои театрӣ дар рушди соҳа, баланд бардоштани ғановати маънавӣ ва тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Театри тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ барои тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа хидматҳои пурарзиш кардааст. Дар ин давра театр марҳилаҳои мухталифу таҳаввулоти зиёди эҷодиро аз сар гузаронида, чандин насли ҳунармандонро дар оғӯши худ ба камол расонидааст.

Ҳукумати мамлакат ва шахсан Пешвои маҳбубу муаззами миллат ба фарҳанг ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир намуда, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳли ҳунар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Натиҷаи чунин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз театрҳои касбии ҷумҳурӣ ва вилоят дар ҳоли рушд қарор дошта, мунтазам намоишномаҳои нав ба навро пешкаши тамошобинон гардонида, аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таърихи халқи тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ тарбия намуда истодаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирӣ ва мусоидати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо тамоми шароити муносиби корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Театри вилоятии мазҳака -мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ гардид, ки ин идомаи мантиқии сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирӣ ва рушди соҳа мебошад.

Театр дар ҳар давру замон тарғибгари ғояҳои баланди инсонӣ ва тараннумгари фарҳангу ҳунари асили мардумӣ буда, нақши он дар ташаккули маънавиёти ҷомеа басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Мо бо чеҳраҳои шинохтаи санъати театрии худ ба мисли Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Қурбон Зардаков, Туҳфа Фозилова, София Тӯйбоева, Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳомид Маҳмудов, Фаррух Қосимов, Қурбони Ҳомид, Абдулмуъмин Шарифӣ, Саидмурод Ҳотамов, Бибимоҳ Маликова, Муҳаммад Шомуддинов, Саидалӣ Сабзов, Худойназар Тилавов, Хоҷамқул Сатторқулов, Мирзоватан Миров, Аловуддин Абдуллоев, Бурҳониддин Раҷабов, Меҳриниссо Ҳоҷибоева, Хайрӣ Назарова, Қурбони Зоир, Отахон Саидзода, Одиназода Раҳмоналӣ, Давлатбегим Раҳимова, Мирзо Раҳмонов, Кавгиниссо Гадоева, Сафархон Мадалиев, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва даҳҳо нафари дигар, ки дар пешрафти театри тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд, ифтихормандем. Ҳар яке аз ин ҳунармандон мактаби вижаи эҷодии худро дошта, дар саҳнаи театр ба тамошобинону мухлисон сабақи зиндагӣ меомӯзонанд. Ҳаётуфаъолияти онҳо оинае буду ҳаст, ки ҳама дар он худро медиданду мебинанд ва ибрат мегиранд.

Итминони комил дорем, ки ҳунармандони театрҳои вилояти Хатлон анъанаи гузаштагони театрро нигоҳ дошта, пайваста ба таҳияи намоишномаҳои нав кӯшиш намуда, барои ба саҳна гузоштани асарҳои классикон ва адибону драматургони муосир камари ҳиммат мебанданд.

Бо ин ниятҳои нек Рӯзи театри тоҷикро ба кулли алоқамандони ин навъи санъат табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизамон доимо гулгулшукуфон бошад.