Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳамаи оилаҳое, ки бар асари офати табиии рӯзи гузашта дар шаҳри Панҷакент азизони худро аз даст доданд, изҳори таслияти амиқ менамояд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат, рӯзи 19 июл бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд.
Офати табиӣ ҳамчунин дар навоҳии дигари вилояти Суғд ҳам ба хоҷагии халқ зарари молиявӣ расонида, чандин манзили истиқоматӣ, роҳу пул ва иншооти дигарро хароб кардааст.
Мардуми вилояти Хатлон дарди нафарони аз офати табиӣ зарардидаро хуб эҳсос мекунанд, чун баҳори имсолу соли гузашта худ шоҳиди ин ҳол буданд.
Бинобар ин, хатлониҳо ҳамдарди онҳоянд ва дар ин лаҳзаҳои душвор ғамшарику ҳампаҳлуяшон мебошанд.
Сабуру шикебо бошед, ҳамдиёрон, ин рӯзҳо ҳам пушти сар мешаванд ва ба рӯзи нек мерасем.
Мо бо Шумоем.