Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, барои кормандони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, ки дар соҳаи табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ мекунанд, аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Ин тадбир бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаҳои илму маориф, эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ҷоизаи мазкур барои устодону олимон, аспиранту докторантон ва унвонҷӯёну муҳаққиқони эҷодкори муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии ҳудуди вилояти Хатлон, ки 5 соли охир дар муассисаҳои соҳаҳои илму маорифи вилоят фаъолият намуда, рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, пешбинӣ гардидааст.
Ҳаҷми мукофотпулӣ барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон ба муҳаққиқони илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамасола дар вазъияти тантанавӣ тақдим хоҳад шуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон