Имрӯз, 11 март, дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид.
Нахуст, раиси вилоят дар маросими гузариши барномаҳои телевизиони «Хатлон» ба формати пахши дақиқияташ баланд (HD) ширкат варзида, бо шароити фаъолияти ин шабакаи телевизионӣ шинос гардид.
Дар идома раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан намуд. Дар ин намоиш нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва соҳавӣ маҳсули эҷод ва дастовардҳои худро ба маъраз гузошта буданд.
Раиси вилоят дар ибтидои сухани табрикии худ
аҳли қалами Хатлонзаминро ба муносибати иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, таъкид кард, ки дар замони муосир нақши ВАО дар инкишофи ҷомеа, сафарбар намудани таваҷҷуҳи мардум ба самтҳои муайяни мақсаднок, инъикоси дастовардҳои давлату ҳукумат, ифшои камбудиҳои иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ниҳоят бузург аст.
— Бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки матбуоти даврии вилояти Хатлон аз ибтидои фаъолияташ то имрӯз рисолати бузурги иттилоърасонӣ, мафкурасозӣ ва воқеанигориашро содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан иҷро намудааст, — идома дод Давлаталӣ Саид.
Қайд гардид, ки бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот айни замон дар фазои иттилоотии вилоят 4 шабакаи тлелевизионӣ — шабакаҳои телевизиони вилоятӣ — “ТВ ”Хатлон”, “ТВ Кӯлоб”, телевизионҳои маҳаллии шаҳри Бохтар — “ТВ Бохтар” ва “Мавҷи озод”-и ноҳияи Восеъ ва “Радиои Хатлон” рӯи мавҷ баромада, беш аз 50 нашрияи даврӣ (49 рӯзнома, 5 маҷалла) пахшу нашр мегарданд.
Таҳлили раванди фаъолияти ВАО дар вилоят нишон медиҳад, ки онҳо дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ ҳамчун сипари боэътимоди таъмини амнияти иттилоотии кишвар баромад намуда, баҳри тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии вилоят талош намуда истодаанд.
Барномаҳои таҳлилию танқидие, ки аз ҷониби рӯзноманигорони телевизиону радио пахш карда мешаванд, баҳри бартараф намудани камбудиҳо мусоидат намуда истодаанд.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омода аст дар ҳама самтҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ намуда, баҳри тақвияти фазои идеологӣ ва иттилоотӣ дар ҷомеа мусоидат намояд.
Раиси вилоят такмили фаъолияти эҷодӣ ва таъмини муассирии онро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ВАО дониста, бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки манфиатҳои миллӣ дар авлавияти фаъолияти ҳамаи ВАО-и Тоҷикистон қарор дорад.
— Дар пеш моро 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ интизор аст, — афзуд Давлаталӣ Саид. — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи нави рушди саноати мамлакат эълон намуданд, ки бешак, барои рушди соҳаи саноат ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳолӣ дар вилоятамон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Мо азм дорем, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони баору номуси вилоят то соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 700 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи саноатиро бунёд созем. Умедворам, ки шумо, муҳтарам рӯзноманигорон, чун пештара, дар татбиқи ин ҳадафи стратегии мамлакат низ бо сухани созанда, инъикоси раванди бунёдкориҳои соҳибкорон мусоидат менамоед.
Мо дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятамон ба неруи шумо – намояндагони воситаҳои ахбори омма такя мекунем. Саҳми ҷомеаи журналистӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонони озода ва ватанпарвар, муаррифӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол бениҳоят калон аст.
Дар қисмати баъдии ҳамоиш маросими тақдими Ҷоизаҳои раиси вилояти Хатлон «Неруи сухан» аз рӯйи даҳ номина, Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибон ва собиқадорону фаъолони матбуоти тоҷик барпо гардид.