Дар доираи сафари корӣ Сарвазири ҷумурӣ бо ҳамроҳии Раиси вилоят дар мавзеи Сайёди Ҷамоати деҳоти Дарқад Корхонаи хиштбарориро, ки аз ҷониби ҶДММ «Ҳотам» бо маблағгузории 2,4 млн сомонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, аз экпертизаи давлатӣ аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Фархор гузаштааст.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур зиёда аз 40 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Иқтидори солонаи корхона аз 500 ҳазор то 3 млн. дона хишти пухта дар назар дота шудааст .