Нимаи дуюми рӯзи 6 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф овард.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳия Ҳасанзода Шералӣ ҳамроҳӣ карданд.
Нахуст, бо иштироки Сарвазири мамлакат Меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули сайёҳон ва дигар меҳмонон, ки аз тарафи соҳибкор Амиров Сайдалӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт бунёд шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Тибқи маълумот сохтмони он соли 2019 оғоз гардида, Меҳмонхона 2 ошёна буда, дар он 12 нафар шаҳрвандон ба ҷой ва шароити хуби корӣ таъмин мегарданд. Меҳмонхонаи мазкур бо тамоми шароитхо муҳайё карда шуда то 20 нафар меҳмононро дар як шабонаруз қабул карда метавонад.
Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода дар ҳаминҷо бо сокинони ҷамоат суҳбату мулоқот намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки барои зебогии ҳар як гушаи диёр ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин аз ҷумла аз заминҳои назди ҳавлиги саркарда камари ҳимат банданд.