Имрӯз, 16 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуз ташриф овард.

Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои ободонию созандагӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳритуз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, шинос шуданд. Ба умури сохтмонӣ соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ низ ҷалб гардидаанд. Арзиши умумии иншоот зиёда аз 2 миллиону 210 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар майдони И. Сомонии ноҳия сохтмони маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ ҷараён дорад. Ба Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар  ин мавзеъ моҳи августи соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби соҳибкорони ноҳия ва бо истифода аз имкониятҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   маблағгузорӣ гардида истодааст. Арзиши умумии иншоот 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки сохтмони бинои мазкур аз ҷониби Раёсати сохтмонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи нақша, соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, арзиши умумии лоиҳа наздик ба 2 миллион сомонӣ баровард шудааст.

Дар аснои шиносоии Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз рафти сохтмони майдончаи варзишӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳалли Алӣ Исоев татбиқ шуда истодааст, маълумот дода шуд, ки арзиши умумии сохтмони иншоот 220 ҳазор сомониро ташкил дода, то ин давра 95%-и корҳо ба анҷом расонида шудааст. 

Сарвазири мамлакат дар Шаҳритуз ҳамчунин аз ҷараёни сохтмони бинои бисёрфунксионалӣ бо тарабхона, маркази савдо, меҳмонхона, толори варзишӣ ва ошхона дидан кард.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардида, қарор аст, ки моҳи марти соли 2020 ба истифода супурда мешавад. Арзиши умумии бино наздики 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода додани иншоот 27 сокини ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Қоҳир Расулзода ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои хуб дода, диққати масъулонро ба сохтмони босифати он ҷалб намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here